"Дар он ҷо 10 рӯз мунтазир шудем, баъд бо ҳамроҳии пулис ба Бодканд рафтем. Дар марз моро боздошт карданд, ҳуҷҷатҳоямонро гирифтанд ва акнун ду моҳ аст, дар мошинҳоямон мехобем", - мегӯяд ин ронанда. Ба гуфтаи ӯ, онҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошт шудаанд ва барояшон гуфтаанд, ки онҳоро ба мошинҳои боркаши қирғизӣ, ки дар Тоҷикистон дармондаанд, иваз мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон мегӯянд, ронандаву мошинҳои боркаши марбут ба шаҳрвандони Қирғизистон дигар вуҷуд надоранд.
Вокуниши сокинон ба гуфтаҳои вазири кишоварзӣ
Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии тоҷик дар маҳбас нигарон аст, ки ҷуброни зарари мақомот муайян кардаро пардохтааст, вале ҷазояшро сабук накарданд. Ин рӯзноманигор, ки дар бораи камбудиҳои мансабдорони ноҳияи Ашт мақолаҳои танқидӣ менавишт, ҳафту ним солро паси панҷараи зиндон сипарӣ кард ва 1 солу 7 моҳ аз муҳлати ҳабсаш боқӣ мондааст.
Маҳпора Киромова, рӯзноманигор ва муаллифи мустанади "Мардикор" мегӯяд, бояд нигоҳи ҷомеа бахусус мардон ба мақоми зан тағйир ёбад ва боло бурдани нақши занон дар сатҳи шиор боқӣ намонад.
Як сокини 39-солаи шаҳри Душанбе пойи равону дасти гиро ва забони гӯё надорад, аммо зеҳни тезаш ӯро аз муҳтоҷӣ ва дастнигарӣ раҳондааст. Хуршед Давлатбеков мегӯяд, ҳар моҳ мунтазири 180 сомонӣ (тақрибан 18 доллар) нафақаи маъюбӣ наменишинад, балки тиҷорати хурдеро ба роҳ мондааст. Мақомоти Тоҷикистонро барои ҳимояти нокофӣ аз афроди имконияташон маҳдуд танқид мекунанд, вале мақомот мегӯянд, нисбат ба сарнавишти маълулон бетараф нестанд.
Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (IOM) ва ҳукуматҳои се кишвари Осиёи Марказӣ созиш кардаанд, ки охири ҳар моҳ шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистонро дар Қазоқистон тавассути "долони сабз" ба ватан мефиристанд. Ба иттилои масъулони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Алмаато, ҳоло гурӯҳи беш аз 100-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон дар гузаргоҳи Жибек Жоли (сарҳади Қазоқистону Узбекистон) ҷамъ омада, мунтазири сафар ба Тоҷикистон ҳастанд.
Дар фурудгоҳ мегӯянд, дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунанда ҳаст, вале пешниҳоди онро алҳол танҳо ваъда доданд.
Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов, як блогери тоҷики муқими Олмонро, ки дар басти рӯзонаи шуъбаи уролоҷии беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ҳамшираи шафқат буд ва 472 сомонӣ маош мегирифт, ба далели видеоҳои дар Интернет нашркардаи писараш аз кор рондаанд. Шерзод Маҳмадҷонов, ки 23 сол дорад ва дар Олмон таҳсил мекунад, дар Интернет ба тарафдорӣ аз ҳаққии занону духтарони тоҷик ба пӯшидани ҳиҷоб матлабҳо нашр мекунад. Шоҳида Маҳмадҷонова ҳафтаи гузашта ба далели видеоҳои Шерзод дар шуъбаи КДАМ дар шаҳри Ваҳдат бозпурсӣ шуд ва ба дунбол, рӯзи 11 январ сардухтури бемористони Ваҳдат Дилбар Бӯракова аз ӯ хостааст, ки бо хоҳиши худаш ариза навишта, аз кор биравад. "Бачаатон муқобили ҳукумат гап задааст. Чунин қонун аст, ки дар корхонаи давлатӣ кор кардани шумо мумкин нест. Ягон ҷои кори дигар ёбед”, - гуфтааст Бӯракова ба модари блогери тоҷик. Ҳомиёни ҳуқуқ пайваста аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунанд, ки таҷрибаи, ба ақидаи онҳо, "шармовар”-и таъқиби наздикони мухолифон ва дигарандешонро бас кунад.