15.01.2020 / Точикистон

БАЧААТ МУҚОБИЛИ ҲУКУМАТ ГАП МЕЗАНАД... МОДАРИ БЛОГЕРИ ТОҶИКРО АЗ КОР РОНДАНД

БАЧААТ МУҚОБИЛИ ҲУКУМАТ ГАП МЕЗАНАД... МОДАРИ БЛОГЕРИ ТОҶИКРО АЗ КОР РОНДАНД

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов, як блогери тоҷики муқими Олмонро, ки дар басти рӯзонаи шуъбаи уролоҷии беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ҳамшираи шафқат буд ва 472 сомонӣ маош мегирифт, ба далели видеоҳои дар Интернет нашркардаи писараш аз кор рондаанд. Шерзод Маҳмадҷонов, ки 23 сол дорад ва дар Олмон таҳсил мекунад, дар Интернет ба тарафдорӣ аз ҳаққии занону духтарони тоҷик ба пӯшидани ҳиҷоб матлабҳо нашр мекунад. Шоҳида Маҳмадҷонова ҳафтаи гузашта ба далели видеоҳои Шерзод дар шуъбаи КДАМ дар шаҳри Ваҳдат бозпурсӣ шуд ва ба дунбол, рӯзи 11 январ сардухтури бемористони Ваҳдат Дилбар Бӯракова аз ӯ хостааст, ки бо хоҳиши худаш ариза навишта, аз кор биравад. "Бачаатон муқобили ҳукумат гап задааст. Чунин қонун аст, ки дар корхонаи давлатӣ кор кардани шумо мумкин нест. Ягон ҷои кори дигар ёбед”, - гуфтааст Бӯракова ба модари блогери тоҷик. Ҳомиёни ҳуқуқ пайваста аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунанд, ки таҷрибаи, ба ақидаи онҳо, "шармовар”-и таъқиби наздикони мухолифон ва дигарандешонро бас кунад.

Дар аризааш ба сардухтури бемористони марказии шаҳри Ваҳдат Дилбар Бӯракова, ки як нусхааш ба дасти сомонаи "Ахбор” расид, Шоҳида Маҳмадҷонова чунин навиштааст: "Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки аз 13.01.2020 ба рухсатии меҳнатии соли 2020 баромадан иҷозат медодед ва баъди рухсатии меҳнатӣ бо хоҳиши худам аз кор озод намоед.”

arizamodariSherzod.jpg
Шоҳида Маҳмадҷонова рӯзи 13 январ дар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфт, Дилбар Бӯракова ба вай гуфтааст, ки дар ягон беморхонаи шахсӣ кор биҷӯяд, чунки дар беморхонаи давлатӣ кор кардани вай мумкин нест. "Бачаатон муқобили ҳукумат гап задааст”, - таъкид кардааст ӯ.

Шоҳида Маҳмадҷонова мегӯяд, ин қарор амалан оилаи онҳоро аз як манбаи таъмини зиндагиашон маҳрум мекунад ва он ҳам дар ҳоле ки: "Аз бонк қарз гирифта будем барои фиристодани Шерзод барои таҳсил ба Аврупо. То ҳол ин қарзро пурра накандаем. Боз пули обу барқу дигару дигар аст. Имкони кор ёфтан хеле кам аст бароям, чунки дар Ваҳдат беморхонаҳои шахсӣ қариб ки нест. Аз тарафи дигар Ваҳдат як шаҳри хурд аст ва чунин гап зуд овоза мешавад ва дар дигар идораҳо низ дигар метарсанд, ки маро ба кор бигиранд.”

Шоҳида Маҳмадҷонова 18 сол боз дар шуъбаи уролоҷии бемористони Ваҳдат ба ҳайси ҳамшираи шафқати басти рӯзона кор мекард ва ҳамагӣ 472 сомонӣ маош мегирифт.

Рӯзи 8 январ ӯро барои фаъолиятҳои писараш ба шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдат низ даъват карда буданд. Аз ӯ хостаанд, ки писараш нашри видеоҳои, ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, "муқобили ҳукумат”-ро бас карда, ба Тоҷикистон баргардад ва дархости афв кунад. Дар сурати ғайр, ба зиддаш парванда кушода, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарораш хоҳанд дод, - гуфтааст як майори амният ба Шоҳида Маҳмадҷонова.

Ӯ мегӯяд, ки писарашро тақрибан 4 сол боз надидааст ва Шерзод ба гапи ӯ гӯш ҳам намекунад.

"Ростӣ, чандин бор гуфтемаш, ки бо ҳар кас сару кор нагир, ба сиёсат дахолат накун, вале вай мустақил аст, кори худашро мекунад. Вақти суҳбат намояндаи амният пурсид маро, ки дар куҷо кор мекунам ва оё дар ҷои корам медонанд, ки писари ман муқобили ҳукумат гап мезанад? Баъди се рӯзи он сӯҳбат дар КДАМ сардухтур Бӯракова даъватам карду гуфт, ки ҷои кори дигар биёбам”, - гуфт Шоҳида Маҳмадҷонова дар суҳбат бо "Ахбор”.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон пайваста аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунанд, ки таҷрибаи, ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқ, "шармовар”-и таъқиби аъзои хонавода ва наздикони мухолифон ва дигарандешону мунтақидони ҳукуматро бас кунад.

Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф бо тахаллуси Абдураҳмон 09) ки аз соли 2016 дар Олмон зиндагӣ мекунад ва дар як донишгоҳи хусусӣ дар шаҳри Дюсселдорф ихтисоси барномасозӣ ва таҳияи сомонаҳои интернетиро меомӯзад, бо видеоҳояш дар мавзӯи манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон маъруф аст.

Ӯ дар видеоҳои худ асосан суҳбатҳояш бо мақомоти гуногуни ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла бо навбатдори "Телефони боварӣ”-и ВКД, як намояндаи КДАМ, намояндаи Кумитаи дин ва ҳатто бо намояндаи Дастгоҳи президент ва ҳамин тавр, бо блогерҳои дигари тоҷикро пиромуни масъалаи манъи пӯшидани ҳиҷоб дар Тоҷикистонро нашр мекунад.

AKHBOR.COM