ш.Бишкек, Ҷумҳурии Қирғизистон, 4-уми ноябри соли 2016
Дар давраи пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ низоми муносибатҳои меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ дигаргуниҳои назаррасро аз сар гузаронид. Дар солҳои аввали истиқлолият панҷ давлати нав истифодаи принсипу стандартҳои ҳифзи иҷтимоии дар давраи шӯравӣ дар қонунгузорӣ инъикосгардидаро давом медоданд. Зиёда аз ин, бо ҳавасмандӣ барои эътироф дар сатҳи байналмиллалӣ панҷ кишвар ба тасвиби конвенсияҳои поягузори ТБМ, ки дар онҳо ҳуқуқҳои меҳнаткашон ба ташкил ва пешбурди гуфтушунидҳои дастаҷамъона зикр гардидааст, шитоб карданд. Ҳамаи ҳашт конвенсияҳои поягузори ТБМ аз ҷониби панҷ кишвар ба тасвиб расидаанд. Конвенсияҳои мазкур бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои коргарон аз табъиз дар ҷои кор, меҳнати маҷбурӣ, кафолати ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил ва ҷалб накардани онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ, инчунин риояи ҳуқуқҳои коргарон ба муттаҳидшавӣ дар доираи иттифоқҳои касаба ва гузаронидани гуфтушунидҳо бо корфармоён оид ба шароити кору зиндагии онҳо қабул гардидаанд.
Бо вуҷуди ин, эътирофи ҳуқуқ ва кафолатҳои мазкур танҳо дар қоғаз монд; татбиқи амалии онҳо дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон умуман имконнопазир буда, дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон танҳо қисман риоя карда мешаванд. Кӯшиши кормандони соҳаи нафт дар шаҳри Жанаозени Ҷумҳурии Қазоқистон бо истифода аз тирборон ва ҷазодиҳии оммавӣ бениҳоят бераҳмона қать карда шуд. Ҳодисаҳои мазкур ҷазодиҳии оммавиро нисбат ба коргарон дар таҷрияи муносибатҳои меҳнатӣ воқеияти наверо ташаккул доданд. То ҳанӯз тамоми кишварҳои минтақаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади роҳ надодан ба амалҳои дастаҷамъонаи коргарон муттасил фишорро нисбати онҳо зиёд намуда, бо пайроҳаи нобудсозии стандартҳои иҷтимоӣ рафта истодаанд. Ин ба баландшавии сатҳи шиддати иҷтимоӣ дар тамоми минтақа, болоравии хатари низоҳои шадиди иҷтимоӣ, ки бо истифодаи воситаҳои қудратӣ ҳал карда мешаванд, оварда истодааст. Чунин тамоюл дар Осиёи Марказӣ дар навбати худ ба вазъият дар ҳамсоякишварҳои Европаи шарқӣ бо халалдор намудани стандартҳои иҷтимоии умумӣ ва ҳифзи ҳуқуқи коргарон таъсир расонида истодааст.
Иштирокчиёни ҳамоиш ҷонноккунии ҳамоҳангсозии амалҳои гурӯҳҳои ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ ва иттифоқҳои касабаи мустақилро оид ба мушкилоти ҳифз ва татбиқи ҳуқуқ ба меҳнатро дар Осиёи Марказӣ зарур мешуморанд. Мо вохӯрии дар шаҳри Бишкек санаи 3-4 ноябр ҳамчун оғози чунин ҳамоҳангкунӣ ҳисобида, омодагии худро барои ҳимояи ҳуқуқ ба меҳнат ва васеъсозии фарогири он изҳор менамоем.
Мо аз иттиҳодияҳои иттифоқҳои касабаи миллӣ ва байналмиллалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, доираҳои коршиносон, инчунин фаъолони ҷамъиятӣ ба ташаккули эътилофи бузурги ташкилотҳо барои дастгирии муштараки чораву ташаббусҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ даъват ба амал меорем.
Мо озодкунӣ ва барқарорсозии пурраи фаъолони ҷамъиятӣ ва иттифоқҳои касабае, ки аз сабаби фаъолнокӣ гирифтори таъқиб гардидаанд; таъмини фаъолияти бемонеаи иттифоқҳои касабаи мустақил ва гурӯҳҳои ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ; аз қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи қонун берун баровардани муқаррарот оид ба “барангехтани ҷудоии иҷтимоӣ” ва дигар муқаррароти маҳдудкунандаи озодиҳои асосӣ ва мухолифатдошта ба конвенсияҳои Ташкилоти байналмиллалии меҳнатро ба даст хоҳем овард.
Мо оид ба таъсиси Миссияи байналмиллалии иттифоқҳои касаба оид ба мониторинги ҳуқуқ ба меҳнат дар Осиёи Марказӣ эълон мекунем. Мақсади он сарҷамъсозии иттилоот оид ба ҳолатҳои поймолсозии ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ, ҳимоя аз табъиз ва шаклҳои мудҳиши истисмор, таҳлили тамоюлҳои умумӣ ва омодасозии тавсияҳо оид ба имкониятҳои беҳтарсозии вазъияти ҳуқуқӣ дар соҳаи мазкур бо мақсади ба даст овардани пешравии умумии иқтисодиву иҷтимоӣ ва сулҳу субот дар минтақа мебошад.