Ҳалима Дурманова, сокини 66-солаи шаҳри Бохтар, мегӯяд, беш аз 30 сол боз дар маркази вилояти Хатлон кӯчаву ҳавлӣ мерӯбад, вале зиндагии серу пурро надидааст. Ин дар ҳолест, ки аксаран тавассути телевизионҳои Тоҷикистон чеҳраҳои хандону хилъатҳои тобон ва қаноатмандии кӯчарубонро нишон медиҳанд.
Бар асари таркиш ва сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Ориё нефт" дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 13 кас захмӣ шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳодиса пас аз зуҳри 21-уми феврал "дар натиҷаи таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ" сар задааст. "7 мошини сабукрав зарар дида, 2 чорвои калон талаф ёфтанд," – гуфта шудааст дар эъломияи ВКД.
Дар Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро бас кардаанд. Дар ҳоле ки коршиносону соҳибкорон тафтишҳои зиёд ва гаронии андозро аз сабабҳои асосии қатъи фаъолият медонанд, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба "рақобатнопазирӣ" ва "таъсири омилҳои берунӣ" пайванд медиҳанд. Самариддин Шамсимадзода, як масъули Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон, рӯзи 11-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, қатъи фаъолияти соҳибкорон дар кишвар нисбат ба соли 2020 тақрибан чаҳор ҳазор маврид зиёд аст. Ӯ далели бас шудани кори беш аз бист ҳазор соҳибкорро ба омилҳои гуногун, аз ҷумла рақобатпазир набудани онҳо, рабт дод.
"Дар он ҷо 10 рӯз мунтазир шудем, баъд бо ҳамроҳии пулис ба Бодканд рафтем. Дар марз моро боздошт карданд, ҳуҷҷатҳоямонро гирифтанд ва акнун ду моҳ аст, дар мошинҳоямон мехобем", - мегӯяд ин ронанда. Ба гуфтаи ӯ, онҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошт шудаанд ва барояшон гуфтаанд, ки онҳоро ба мошинҳои боркаши қирғизӣ, ки дар Тоҷикистон дармондаанд, иваз мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон мегӯянд, ронандаву мошинҳои боркаши марбут ба шаҳрвандони Қирғизистон дигар вуҷуд надоранд.
Вокуниши сокинон ба гуфтаҳои вазири кишоварзӣ
Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии тоҷик дар маҳбас нигарон аст, ки ҷуброни зарари мақомот муайян кардаро пардохтааст, вале ҷазояшро сабук накарданд. Ин рӯзноманигор, ки дар бораи камбудиҳои мансабдорони ноҳияи Ашт мақолаҳои танқидӣ менавишт, ҳафту ним солро паси панҷараи зиндон сипарӣ кард ва 1 солу 7 моҳ аз муҳлати ҳабсаш боқӣ мондааст.
Маҳпора Киромова, рӯзноманигор ва муаллифи мустанади "Мардикор" мегӯяд, бояд нигоҳи ҷомеа бахусус мардон ба мақоми зан тағйир ёбад ва боло бурдани нақши занон дар сатҳи шиор боқӣ намонад.
Як сокини 39-солаи шаҳри Душанбе пойи равону дасти гиро ва забони гӯё надорад, аммо зеҳни тезаш ӯро аз муҳтоҷӣ ва дастнигарӣ раҳондааст. Хуршед Давлатбеков мегӯяд, ҳар моҳ мунтазири 180 сомонӣ (тақрибан 18 доллар) нафақаи маъюбӣ наменишинад, балки тиҷорати хурдеро ба роҳ мондааст. Мақомоти Тоҷикистонро барои ҳимояти нокофӣ аз афроди имконияташон маҳдуд танқид мекунанд, вале мақомот мегӯянд, нисбат ба сарнавишти маълулон бетараф нестанд.
Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (IOM) ва ҳукуматҳои се кишвари Осиёи Марказӣ созиш кардаанд, ки охири ҳар моҳ шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистонро дар Қазоқистон тавассути "долони сабз" ба ватан мефиристанд. Ба иттилои масъулони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Алмаато, ҳоло гурӯҳи беш аз 100-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон дар гузаргоҳи Жибек Жоли (сарҳади Қазоқистону Узбекистон) ҷамъ омада, мунтазири сафар ба Тоҷикистон ҳастанд.
Дар фурудгоҳ мегӯянд, дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунанда ҳаст, вале пешниҳоди онро алҳол танҳо ваъда доданд.